Бо ташабуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , дарси Сулҳ ва рӯзи Дониш кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳашари шанбегӣ баромаданд. Иштирокчиёни ҳашар шуруъ аз даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ атрофу роҳравҳоро аз ҳаргуна хасу хошок ва алафҳои худруй поккорӣ намуданд.Ҳамчунин дар ин рӯз даромадгоҳу роҳравҳои биноҳои таълимии донишгоҳ низ тозаву озода гардида барои соли нави таҳсили 2019-2020 омода гардиданд.