Санаи 17-уми октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки дар он маърӯзаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов оиди рафти омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маърӯзаи мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов оиди «Барномаи давлатии тайр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016» шунида шуданд. Дар ин машварат Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида фикру ақидаҳои худро баён намуд.