Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи  Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз 14 июни соли 2023 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Мухтор Толибзода  иштирок доштанд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард.

Маҷлиси Раёсати аз рӯи масъалаҳо омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботии дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, рафти иҷрои обуна ба нашрияҳои ҳизбии  “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Шафақ”, ворид намудани тағйирот ба рӯйхати гирандагони нафақаи ҳизбӣ, тасдиқи қарорҳои муассисони ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис, даъвати маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда қрорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамзамон муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллоза ва мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроияи вилояти Суғд Мухтор Толибзода суханронӣ намуда, ҷиҳати иҷрои масъалаҳои мазкур барору комёбиҳо таманно карданд.