Санаи 14-уми октябри соли 2015 дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Ин навбат тарғиботчиён дар Рӯзи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Ғаразҳо рӯшноиро ҳаргиз тира натавонад кард!» андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла Рӯзи хониши сиёсӣ дар Маркази саломатии шаҳрии № 4; Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд; Сарраёсати кишоварзии вилоят; Кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ»; Кумитаи маҳаллаи «Шарқ»; Ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»; Корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал»; КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони ташкилотҳои номбаршудаю аҳли маҳал баргузор гардид, ки дар он кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва гурӯҳи тарғиботчиён маърӯза намуда, чунин иброз доштанд: …Маҳз хиради азалӣ барои миллати мо даст дод, ки дар лаҳзаҳои мушкил ва ҳассос тирагиҳову кинаҳоро аз дил берун карда, роҳи оромиву осоишро пеш гирем. Сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард. Аммо, мутаассифона дар ҷомеа ҳанӯз ҳам гурӯҳҳое ҳастанд, ки намехоҳанд, кишварамон рушд ёбаду дар фазои осоиштагӣ сокинонаш зиндагӣ намоянд. Агарчи дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат ба хотири таъмини амният ва суботи сиёсӣ ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои демократикунонии ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсии кишвар имконияти баробари фаъолиятро дода бошад ҳам, на ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ин назари хайрхоҳонаи давлатро амалӣ намуданд ва рисолати ҳизби худро барои ободӣ ва рушди босуботи кишвар диданд. Ҳодисаҳое, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе бо дасти собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назарзода А.М. (Ҳоҷӣ Ҳалим) рух дод, бори дигар исбот намуд, ки ҳанӯз ҳам нотавонбинон, бадкинаҳо, аҳримансириштҳо ва заҳҳоксифатон дар байни мо зиндагӣ доранд ва барои онҳо ҷангу ҷидол, хунрезиву ноамнӣ манфиати беш дорад, нисбат ба он ки кишвар ооишта бошаду обод. Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҷамъи ёронаш гумон карда буданд, ки аз нав низову ҷанги бародаркуширо дар кишвар оғоз менамоянд ва онҳоро дигарон дастгирӣ мекунанд. Аммо ба ҳадафашон нарасиданд. Лаънати мардуми шарифро шуниданд. Ин ҳодисаро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум кард. Мо, ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош менамоем ва пешрафти ҷомеаро дар тинҷиву оромии Ватани биҳиштосо дар кору рафтори созанда мебинему ҳар як зарра хоки поки онро чун гавҳари чашм ҳифз намуда, ободӣ, соҳибистиқлолӣ, тинҷиву оромӣ ва зебогии афсонавии диёри хешро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамоем .