Бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти яксолинаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ,  собиқадорони ҳизб,  аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан субҳи имрӯз дар маркази фарҳанги шаҳр  чаласаи васеъи ҳисоботӣ доир гардид. Дар кори он раиси тозаинтихоби кумиҷрояи вилоятии ҳизб Сатториён Матлуба Амонзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликсломӣ Наим Мунаввар ширкат доштанд.

Мувофиқи рӯзномаи кори ҷаласа ҳозирин ҳисоботи раиси кумиҷроияро вобaстa бa фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 феврали соли 2018, қарорҳои Анҷумани ҳизб ва қарорҳои Конференсияи КИВ ҲХДТ шуниданд. Дар баромад аз ҷумла зикр шуд, ки яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди  кумиҷроия меистад, ин ноил шудан ба эътимоду боварии мардум ва то ба онҳо расонидани дастовардҳои дaврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад. Маҳз корбарии дуруст дар самти ҷалби аъзо ҳаст, ки  соли равон 1100 нафар шахсони мавқеи худро муайянкарда ба аъзогии ҲХДТ дохил гардиданд. Aйни ҳол шумораи аъзоёни ҳизб дар шаҳр 16796 нафарро дар бар мегирад, ки аз инҳо 10690 нафар занон ва 8519 нафарро ҷавонон дарбар мегиранд. Ба андешаи Маликисломӣ Наим Мунаввар самаранок истифода бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҳам барои ҷалби азъои  нав ва ҳам барои маърифатнокии аҳли ҷомеа воситаи хубе хоҳад буд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақте шаҳрванд масъулияти худро дар назди ҷомеа ва ҳизб эҳсос мекунад, дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва ҳизбии худ ба саҳланкорӣ роҳ намедиҳад. Барои баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ санҷиши фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоӣ бар манфиати кор гардид.

Музокирачиён  ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Омори вилоят» Муродӣ Умедахон Бурҳонзода, раиси ташкилоти ибтидоии «Раҳим Ҷалил» Ашӯрова Зулфия, ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» Шодиев Ҷаъфархон, ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоиии «Маркази эндокринологии вилояти Суғд» Юнусов Абдураҳим  бобати фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии худ сухан ронда, зикр доштанд, ки дар ҳамбастагӣ бо кумиҷроияи шаҳрӣ барои ҷалби аъзои нав,  тоза кардани сафҳои ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, гузаронидани чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ кӯшиш варзиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар солҳои аввали Истиқлолият бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Имрӯз ҳизб яке аз пештозони сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассути барномаи созандааш барои густариши вазъи иқтисодиву сиёсии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ва мутакко аст. Дар сафҳои он беҳтарин шахсиятҳо сарҷамъ омадаанд, ки метавон бо ин қувваи бузург мардумро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун сохт. Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад». Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо ташкилотҳои ибтидоии худ ҷиҳати амалӣ намудани вазифагузориҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши қарорҳои Анҷумани 12-уми ҳизб камари ҳимат баста, дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузорад.

Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳими кори ҳизбӣ дар он аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳизбӣ бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд. Дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ канори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бошанд. Мо ҳамеша аз дастгириҳои доимиии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар самти инкишофи паҳлуҳои мухталифи ҳизб ва боло бурдани мавқеъи он дар ҷомеаи имрӯза бархӯрдорем. Аз ин лиҳоз мо бояд корро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо пурзӯр намоем, то ки паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротгароӣ пешгирӣ карда шавад. Хосса, бояд фаъолияти кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳриро ҷоннок намуд. Зеро ин қишри ҷомеа ниёз ба таблиғоти солим аст. Ва худатон воқиф ҳастед, ки аксари шомилшудагон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маҳз ҷавонон мебошад. Имрӯз мушкилиҳои оилаву оиладорӣ низ хеле зиёд аст. Мо иқдоми пешгирифтаи шуъбаи кор бо занони кумиҷроияро дар самти коҳишёбии хушунати оилавӣ, таҳкими оиладорӣ хуш истиқбол мекунем. Дар ҳамин радиф моро низ зарур аст, ки муборизаи беамону дастаҷамъиро ба ин гуна зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа қавитар созем ва нагузорем, ки чунин амалҳои ношоиста дар муҳитамон сар зананд. Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб бояд бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода шавад ва шахсоне ба сафи ҳизб дохил карда шаванд, ки маърифату маънавиёти зиёд дошта бошанд ва ҷонибдори ғояҳои созандаи ҳизб бошанд. Кумитаи иҷроияи шаҳрро зарур аст, ки нисбати масъалаи кадрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба вазифаҳои роҳбарии ташкилотҳои ҳизбӣ шахсонеро пешбарӣ намояд, ки дорои маданияти баланди сиёсӣ бошанд ва ба сиёсати пешгирифтаи ҳизб эътимоди қавӣ дошта, дар ҳама ҳолат ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор бошанд. То интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ камтар аз якуним сол боқӣ мондааст. Кумиҷроияи шаҳрӣ харитаи сиёсии интихоботи гузаштаро тартиб дода, дар маҳалаҳое, ки нуфузи ҳизб камтар аст, корбарӣ намуда истодааст. Моро лозим аст, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ тайёрии ҷиддӣ бинем. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.Зеро бурду бохти ҳар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи оянда ба он вобастагӣ хоҳад буд, ки он имрӯз дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ чи мақому мавқеъ дорад ва мардум ба ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаи пешазинтихоботии ин ҳизб то чи андоза таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори боварӣ намуд, ки мо сарҷамъона маъракаи муҳими сиёсиро бо сарбаландӣ доир намуда, дар оянда низ ҳизби бонуфуз ва мардуми будани Хизби Халқи Демократии Тоҷикистонро бо амал исбот намоем. Гузашти рӯз моро ба яке аз ҷашнҳои азизи муътабари 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон наздиктар месозад. Дар ин самт дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва ба истифодадиҳии беш аз 510 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ меҳнати созандаи мо армуғоне хубе хоҳад буд ба ин ҷашн. Хоссатан кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидои дар ҳамҷоягӣ бо кумитаи маҳаллаҳо дар ободии кӯчаву хиёбон ва маҳалли худ кӯшиш варзанд. Бештар аз мушкиливу муаммоҳои сокинон огоҳ бошанд. Бо амали бунёдкоронаи хеш пайваста аёдати шахсони яккаву танҳо, ятимону бесаробонмондаҳоро ба ҷо оранд. Танҳо ҳамдилу ҳамрози халқ будан моро дар ҳама ҷодаҳо соҳибэътибор мегардонад.

Сипас, раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Матлуба Сатториён баромад намуда, фаъолияти назарраси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро барои дигар шаҳру навоҳӣ ҳамчун намунаи ибрат арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизб аз дигар имконот истифода намуд, зеро нерӯйи бузурги зеҳнии истифоданашуда то ҳол вуҷуд дорад.

Дар идомаи ҷаласа фаъолияти кории Ситоди «Обуна -2019» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷараёни кори маҷлис тасдиқи нақшаи кории Кумтаи иҷроия барои нимсолаи аввали соли 2019 ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чун анъана дар хотимаи кори маҷлис 10 нафар шахсони арзанда ба сафи ҲХДТ дохил гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Ба якчанд фаъолон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.