Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, беморхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо ҳузури санъаткорони ин муассисаи фарҳангӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун барномаи идона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», ансамбли созию овозии «Борбад», амсабли миллии “Сайҳун” сурат гирифт. Дар барномаи фарҳангӣ овозхонони шинохта ва ҷавон, аз қабили Ҳасан Камол, Толибҷон Исмоилов, Рустам Азимӣ, Икром Исломӣ Қутбиддини Раҷабзод, Шерози Камол, Санҷари Абдумалик, Ғайрат Юлдошев, Туғрал Муродов, Элбек Туйғунов, Умеда Хидиралиева, Навбаҳор Шамсиева, Мунира Ҷӯраева, Суҳроб Бердиев, Паричеҳраи Камол бо сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуданд.