Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пироҳанро як пораи фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар он ақидаанд, ки ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ балки бо либоси худ тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.

Ба бар кардани либоси зебои миллӣ, шинаму озода аз фазилатҳои хуби инсонӣ маҳсуб меёбад. Маҳз одам бо либоси миллии ороста метавонад, муаррифгари фарҳанги хеш бошад.  Пӯшидани либос таъби баланди эстетикиро аз инсон тақозо дорад. Муназзам, мувофиқи рангу тобиш ва қаду қомат, ҳусн, ранги пӯст ба бар намудани пироҳан ба ҳусни бонувони тоҷик боз ҳусн зам мекунад, ки арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд. Бо чунин мақсад дар Беморхонаи физиотерапии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд  оид ба таърихи атласу адрас, чакан намудҳои он, тарзи ба бар кардани он вохӯрӣ гузаронида шуд. 

Дар ин вохӯри мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова баромад намуда, дар мавриди асолати азалӣ ва рисолати ҳамешагии нигаҳдошт ва тарзу усули пӯшидани либосҳои миллии тоҷикона, ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё,ва рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи он фарҳаги дӯхт ва ба бар намудани пироҳани либоси шинам ва зебои миллист, ибрози ақида намуд.