Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзишии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» санаи 18 майи соли 2018 як рӯзи тамошои осорхонаҳо тариқи ройгон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз таъриху фарҳанг, ниёгон ва аҷдодони хеш бо ҷалби бештари наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз субҳ то бегоҳ ташкил ва баргузор гардид.