Тоҷикон аз азал бо фарҳанги бою қадима миёни дигар қавму миллатҳо соҳибном буда, тавассути шахсиятҳои баркамолу миллатдӯсташ ин арзиши миллӣ то замони мо омада расидааст. Рисолати мо аҳли зиё он аст, ки ин арзиши миллиро поку беолоиш ҳифзу ба ояндагон мерос гузорем. Бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ ва одаби муошиату муносибат дар ҳошияи нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз  мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Манонова Заррина бо донишҷӯдхтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ доир намуда, зимни мулоқот таъкид доштанд, ки яке аз василаи асосии муаррифии миллат дар арааи байнаомилалӣ ин ҳифзу нигаҳдории фарҳанг ва риояи муоширату муносибат мебошад. Хоссатан тоҷикон аз қадим маҳз бо фарҳанги либоспӯшии худаз дигар халҷиятҳо фарқ дошта, атласу адрас ва чакани тоҷикона чун намунаи олии матоъ дар ҷаҳон ном баровардааст. Номбурда дар идомаи суҳбат аз духтарон даъват ба амал овард, ки бояд шарму ҳаёи тоҷиконаро ҳифз нигаҳ дошта, ҳамчунин ба либоспӯшии ба ном шарқиёна низ тақлид накунанд. Зеро ҳиҷобу рӯсарӣ моли миллати мост.

Дар идомаи суҳбат духтарон ба саволҳои худ вобаста ба мавзӯи мазкур ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.