Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ бо ташаббус ва ибтикори раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баҳри болидахотирии зиёда аз 400 нафар кӯдакону наврасон дар Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров намоишнома ба мавриди тамошо гузошта шуд, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ширкат варзида, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати фарорасии соли нав табрику муборакбод намуд ва зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ба ободониву созандагӣ, ғамхории оилаҳои ниёзманд, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум камари ҳиммат баста, дар орзуи баланд шудани нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад.