Шурӯъ аз санаи 14 март дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд чорабинии идона ба муносибати фароррасии ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз гардид. Чунин чорабинӣ рӯзи гузашта бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Чорчароғ» барпо гардид. Нахуст, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ва мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ Ҳамрохон Атаева аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳалла ошноӣ пайдо карданд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки дар ин мавзеи зебои шаҳри Хуҷанд ҳунармандони зиёде сукунат доранд, ки бо кашидадӯзиву наққошӣ ҳамто надоранд. Нақши дастони онҳо дар рӯи матоъҳои ҳарир кашида шуда, он инъикосгари табиати зебои диёр буд. Ҳамзамон меҳмонон аз омодагиҳои наврӯзии мактабиёни ҳудуди маҳалла дидан намуда, ба ҳунари пазандагиву дӯзандагии онҳо баҳои баланд доданд. Дар як сӯи чойхонаи маҳалла пирони деҳа сари хони пурнозу неъмат шукронаи тинҷиву аммонии кишварамонро мекарданд. Дар гӯшаи дигар анбӯҳи ҷавонон нақшхониву духтарон кокулбофӣ менамуданд. Раиси шаҳр зимни табрикоти худ аз арзишҳои миллии кишварамон ҳарф зада, қайд намуд: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо тоҷикон ворисони тамаддуни ориёием ва аксарияти мардуми олам ҷашни бобоии моро ҳамчун иди миллии худ пазируфтанд. Мартабаи ҷаҳонӣ бахшидан ба Наврӯз, воқеан ҳам, амале шоиста ва манфиатовар ба кулли сокинони сайёра аст, зеро ба ин восила Наврӯз акнун мунодии сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат дар байни ҳама мардуми олам гардидааст». Ӯ аз ҳамдиёрон даъват ба амал овард, ки дар ободии маҳал хонаву дари худ саҳм гузоранд, зеро яке аз суннатҳои наврӯзӣ маҳз дар зебоипарастӣ зуҳур меёбад. Сипас композитсияи адабиву мусиқӣ, ки аз ҷониби мактабиён омода шуда буд, пешкаши аҳли иштирокдорон гардид. Раиси шаҳр ва раиси кумиҷроия дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин пазандагони суманак, нақшхон, лакпарбоз, оришгар, кашидадӯз, раққос, овозхон ва чандеи дигар тӯҳфаҳои таъсиснамуда ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро супориданд.