Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, расонидани ёрии методӣ ва маслиҳатҳои муфид ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Алиҷон Давлатов» ва «Наврӯзгоҳ» дидан намуд.

Ҳангоми боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ ба масъалаҳои афзун намудани сафи аъзоёни ҲХДТ, ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти гурӯҳҳои ташвиқоти-тарғиботӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.

Инчунин, ҷиҳати бурдани корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷумҳурӣ, иҷрои саривақтии талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар баӣни аҳолӣ оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифзу гиромидошти сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ, даъват намудани шаҳрвандон ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ гуфтушунидҳо доир гардид.

Таъкид гардид, ки мо ҳизбиён  бояд фаъолияти худро дар рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ пурзур намоем ва баҳри пешрафти кишвари худ сахми босазо гузорем.