Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии кумиҷроияи шаҳрӣ Нуралӣ Нуров дар толори  маҷлисгоҳи Маркази Тоҷикстандарт дар виллояти Суғд  вохӯрӣ бо мақсади омӯзиши мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

  Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан карданд.

Инчунин оид ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2017 - Соли Ҷавонон, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, суханронӣ карда шуд.