Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо дар роҳи расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии хеш қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи наздик 30 соли соҳибистиқлолии мо – халқи тоҷик тавонистем бо шарофати меҳнати софдилона дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояи давлати миллии хеш анҷом додем. Пеш аз ҳама озодиву истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ ин орзўи ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷикон буд, ки насиби мо насли хушбахт гаштааст.

Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум, паст задании шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи аъзои ТЭТ ҲНИ буда, танҳо ҳамин амалҳои ғайриинсонӣ барояшон роҳат мебахшанд. Ин тоифа одамон барномаи дигар, ки барои манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд.

Бояд зикр намуд, ки қисми 4-уми филми “Хиёнат”-ро ҳамагон, бахусус насли ҷавони худогоҳХиёнату хештаншиноси кишвар тамошо карданд ва итминони комил дорам, ки онро боз ҳам жарфтар бо идроки қавӣ ва диди сиёсӣ ҳаматарафа таҳлил менамоянд.

Шаҳрзод Аакмалов

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд