Бахшида ба яке аз ҷашнҳои муҳим 72-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд аз ҳолу аҳволи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи маҳаллаи Тути калони шаҳри Хуҷанд Маликаброр Шарипов пурсон гардида, ба муносибати Рўзи иди Ғалаба табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва  ба иштирокчии ҷанг кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.