Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави кишвар 1300  рӯзи ободонию кабудизоркунӣ эълон гардидааст.

Сокинони касбу кори гуногун ин дастурро шеваи асосии кори худ дониста, барои ободиву пешрафт ва шукуфоии мамлакатамон дар рӯзҳои истироҳатӣ ба шанбегӣ баромада, ба корҳои ободонӣ вусъати тоза мебахшанд.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд субҳи рӯзи шанбе аъзоёни фаъоли  ҳизб, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд дар қатори дигар сокинони ваҳдатшиор барои тозакунии муҳити зист баромада,  то нисфирӯзӣ аз меҳмонхонаи «Эҳсон» то мағозаи «Мавсим» кӯчаву хиёбони ба номи Исмоил Сомониро рӯбучину ҷӯйборҳои қади роҳро аз партовҳо тоза намуданд. 

Маврид ба зикр аст, ки ин амали неку савоб боиси баланд гардидани маданияти шаҳрдории сокинон гардида, онҳоро ба эҳтиром доштани муҳити зист талқин месозад.

Чунин иқдом минбаъд низ идома хоҳад кард.