Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 24 ноябри соли 2015 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 500 нафар сокинони шаҳрро аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрик намуда, ба онҳо байрақчаҳо тақдим намуданд.