Дар толори кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд  тибқи нақшаи чорабиниҳо маҳфили кушоди илмӣ-мубоҳисавии кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров «Сиёсат ва ҷомеа» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, олимон ва аъзои гурўҳҳои таҳлилӣ-иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор карда шуд.

Кори маҳфилро  муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Хайрулло Сабуров оғоз намуда, ҳамагонро аз номи ректори донишгоҳ  пазироӣ  намуд.  Қайд карда  шуд,  ки тибқи нақшаи ҷадиди донишгоҳӣ айни ҳол 5 маҳфилҳои илмии амалӣ дар назди кафедраҳои тахассусӣ  ташкил карда шуда, дар назар аст бо зиёд намудани онҳо олимону муттахассисони донишгоҳро иштирок дар пешбурди муносибатҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа сафарбар хоҳем намуд.

Дар маҳфил ду мавзўи асосӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон: арзиш ва моҳияти сиёсиву ҳуқуқии он» аз ҷониби сардори маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ номзади илмҳои ҳуқукшиносӣ, дотсент Киромиддин Мухторов ва «Хиёнати ҲНИТ ба давлату миллати тоҷик» доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бо муаррифӣ маърўза карда шуданд.

Дар мубоҳисаи маҳфил раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, профессор Набиев Ваҳоб Машрапович, дотсентон  Шавкат Шарипов, Ўғулой Умаралиева, ва дигар олимону ҷавонон фаъол иштирок намуда, баргузории ин маҳфилро ҳамчун чораи мусоидат ба баландравии донишҳои сиёсӣ ва малакаи кордонӣ баҳо доданд.

Пешниҳод карда шуд, ки минбаъд ба ин маҳфил хонандагони макотиби миёна ва донишҷўён низ даъват карда шуда, дар ин замина корҳои тарғиботӣ миёни ин қишри ҷомеа фаъолтар карда шавад.