Дар радифи идомаи корҳои тарғиботӣ баҳри пешбурд ва фаъолияти босамари ташкилотҳои ибтидоӣ ва қабули аъзоҳо муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва муттахассиси шуъбаи ташкилӣ Далер Ғафуров ба ташкилоти ибтидоии “Ҳамдилӣ” дар назди Маркази саломатии №4 ташриф намуда, аз рафти корҳои ҳуҷҷатгузорӣ назорат карданд ва барои ислоҳи камбудиҳо дастуру методҳо доданд. Ҳамин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад.