Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати кадрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, барои баланд бардоштани савияи касбӣ, маърифати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кормандони ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, дар асоси талаботҳои Низомнома дар бораи кор бо захираи кадрҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2022 ташкил ва баргузор карда шуд.

Таъсиси курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд талаботи марҳилаи кунунӣ буда, амалӣ намудани он то андозае метавонад масъулияти ҷавононро дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бештар намояд.

Мақсад аз ташкил намудани курси захираи кадрҳои назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама дарёфт ва дастгирии ҷавонони боистеъдоду қобилияти сарваридошта, такмили донишҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ, маърифат ва фарҳанги сиёсӣ, омӯзиши асосҳои демократия, идоракунии давлат ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат мебошад. Зеро асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад.

Дар расми оғози курси захираи кадрҳои назди кумиҷроия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок карда, доир ба мақсади ташкили курс ва аҳамияти он суханронӣ намуданд.