Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 24-уми октябр қабулгоҳи ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумиҷроияи шаҳрӣ муроҷиаткунандагон иштирок намуда, дархосту пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба ҳамаи саволҳо ва дархостҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ҳалли масъалаҳои баррасишуда ба назар гирифта шуд.