Санаи 15 феврал дар толори беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд вохӯрии номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Ҷаббор Расулов, №6» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Содирхон Ҳофиз, №16» бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи Содирхон Ҳофиз баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ шахсони боэътимоди номзадҳо иштирок намуда, аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадон назди ҳозирин сухан ронданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳадафи ҳар як номзад мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум аст ва дар сурати пирӯзӣ вакилон ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳанд кард. Дар навбати худ номзадҳои дар вохӯрӣ иштирокдошта дар назди интихобкунандагон баромад намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуданд.

Бо мақсади фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба интихоботи навбатии парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳизб шахсони арзандаи худро пешниҳод намудааст. Итминони комил дорем, ки халқ беҳтаринҳоро интихоб хоҳад кард.