Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон халқи инсондӯсту сулҳпарвар ва ботаҳаммулу бофарҳанганд. Ин миллат дар тӯли таърихи дароз ҳамаи мушкилоту шебу фарози зиндагиро  бо ақлу хирад, маданияту фарҳанги баланд ва илму адаби пурғановат  паси сар намудааст. Ва дар ин ҷода хизмати фарзонафарзандони Ватан, ҷонфидоиву ҷасоратмандӣ, зиракиву кордонии эшон  басо бузург аст.

Бо шарофати Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди барӯманди тоҷик  Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи Ватан бо азму иродаи қавӣ ва далерӣ ба майдони сиёсат ворид гардид ва ба хизмати халқу Ватани хеш омода гардид. Ӯ парешонгаштагонро ҷамъ кард, вазъи коҳишёфтаи мамлакатеро, ки хавфи аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳонро дошт, бартараф кард, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон хидматеро анҷом дод, ки номаш дар саҳифаи таърихи навини тоҷикон ва ҷаҳон ҳамчун меҳвари сулҳу ваҳдат сабт гаштааст.

Сарвари ҷонфидои халқро ҳамаи подошу қаҳрамониҳояш дар дилу дидаи мардум ҷо кард. Арзишмандтарин подоши ҳар амали инсонӣ ин соҳиб шудан ба иззату  эҳтироми халқ аст. Аз ин рӯ, халқ ӯро пазируфт ва пешвои худ сохт. Боиси ифтихори мо, мардуми хушбахти  Тоҷикистон аст, ки сарвари олимақоми мо ба мукофоти олӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат сазовор гаштаанд.

Оиди қаҳрамониву талошҳо, ҷонбозиву хидматҳои бузург, кӯшиши  ин марди фидоии халқу Ватани хеш барои зиндагии тинҷу осудаи мардум соатҳо ҳарф занем ҳам кам аст. Пас, месазад,  ки имрӯз мардуми толеъбаланди тоҷдор ин шахсияти ватандӯсту сулҳпарвар ва ваҳдатофарину халқпарварро Пешвои миллати тоҷдори худ эътироф кунад ва зери сиёсати хирадмандонаи фарзанди қаҳрамони Ватан озодона зиндагӣ кунад.

  Соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мутобиқи ин тағйиру иловаҳо 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Вобаста ба ин санаи таърихӣ дар ҳамаи факултетҳои Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар гурӯҳи донишҷӯёни курси 2.40.01.02. тв – и  факултаи информатика ва энергетика  бо роҳбарии куратори гурӯҳ, сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Ахмедова Малика таҳти унвони “Асарҳои Пешвои миллатро меомӯзем” соати тарбиявии пурмазмун ташкил ва гузаронида шуд.

Сараввал муаллима Ахмедова М. аз соҳибистиқлоливу соҳиби миллату давлат будани халқи тоҷик сухан ронда, ҳамзамон аз қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро  боз ҳам хубтар воқиф намуданд. Аз ҷумла, қайд намуданд: “Минбаъд ҳамасола рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Имсол бошад, бори аввал мо ин санаи таърихиро ҷашн мегирем. Ин падидаи нек ва иқдоми бузургест, ки боиси хурсандии ҳар як сокини кишварамон мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат худро дар арсаҳои гуногун муаррифӣ карда тавонистанд. Пас, ин боз як иқдоми хубест, ки моро гирди Президенти худ ҷамъ меоварад ”.

Баъди суханронии муаллима асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба донишҷӯён дастрас гардида, аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳ бо навбат хонда шуда, фикру мулоҳизаи онҳо оиди мавзӯъ шунида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи беш аз 20 китоб мебошанд. Асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” асосан таърихӣ буда,  ба сарнавишти миллат таъсири бузург дорад ва раҳнамои халқ низ мебошад. Ҳадафи таълифи китоби мазкур ошно намудани насли ҷавон бо таърихи гузаштаи халқи тоҷик аст.

Чуноне ки худи муаллифи асари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлату миллатро равшан мекунад. ”

Ёдовар  аз он бояд шуд, ки  ҷилди 4 – уми асари “Тоҷикон дар оинаи таърих ”  зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни Донишгоҳи Кувайт бо забони арабӣ муаррифӣ гардид.

Ин буд як дарси шуҷоату мардонагӣ ва омӯхтани таърихи халқи сарбаланду фарҳангдӯст, қаҳрамониҳои фарзанди Ватан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,  ки мо  донишҷӯёни 2.40.01.02 тв аз ин дарси тарбиявӣ  як ҷаҳон маънӣ гирифтем. Бояд қайд намуд, ки сухан кардан аз корномаҳои Пешвои миллат, омӯхтани асарҳои эшон  барои мо  боиси ифтихор ва мамнуният аст, зеро дар кишвари озоду мустақил, дар фазои дӯстиву якдилӣ  ба камол расида истодаему дар донишкадаи беҳтарини кишвар таҳсили илм дорем.

 

ПӮЛОТОВА ХИРОМОН,

донишҷӯи курси 2.40.01.02тв,

факултаи информатика ва энергетика