Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботи семоҳаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Мачлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Фаррух Муллоев ифтитоҳ бахшида, хозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд ва суханро ба ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Н.Ашуров дод. Муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ дар баромади худ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи соли 2016 ба хозирин хисобот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар се моҳи сипаришуда аз тарафи ташкилоти ибтидои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхона корҳои назаррас гузаронида шуд. Санаи 20 январ дар толори беморхона бо тариқи оинаи нилгун Паёми навбати Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда шуд. Санаи 29 январ дар тороли беморхона вохӯрӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хучанд Наим Маликисломов дар мавзуи «Самтҳои афзалиятноки Паёми навбатии Пешвои Миллат» гузаронида шуд ва 23 нафар кормандон ба узвияти ҲХДТ қабул шудаанд ва сафи аъзоёни хизб ба 148 нафар расиданд, ки 49,3%-ро ташкил медиҳад. Санаи 22 феврал дар толори беморхона бахшида ба Рӯзи Артиши Миллӣ соати сиёсӣ гузаронида шуд. Санаи 7 март дар толори беморхона маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Модарон гузаронида шуда, аз тарафи маъмурияти беморхона ва Иттифоқи касабаи беморхона ба 27 нафар фаъолзанон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Санаи 18 март дар толори беморхона бахшида ба иди баҳор «Наврӯз» маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуда, оиди таърихи пайдоиши маросими «Наврӯз» аз тарафи ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ маълумоти муфассал дода шуд ва аз тарафи маъмурияти беморхона, иттифоки касаба ва кормандон оши Наврӯзӣ ва суманак ташкил карда, ба кормандон ва беморон дастрас карда шуд. Дар Иди Модарон ва Наврӯзи Аҷам аёдати собиқадорони меҳнат ва кормандони бемор ташкил карда шуд. Дар ташкилоти ибтидоӣ бахшида ба «Соли 2016 соли Фарди Солим» семинар гузаронида шуд. Ҳар хафта рӯзи шанбе ба истиқболи 25-солагии Рӯзи Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар беморхона дастаҷамъона шанбегӣ гузаронида шуда, саҳни беморхона ба тартиб оварда мешавад. Ҳамаи майдончаҳои назди шӯъбаҳо гулзор карда шудаст. Дар охири маҷлис аз ҷониби раёсати маҷлис ба саволҳои додашудаи ҳизбиён посухҳои мушахас дода шуд.