Тибқи барқияи №18-и Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фармоиши Кумитаи иҷроияи Вилоятии ҳизб дар доираи гузаронидани чорабиниҳои аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» ва дар асоси муроҷиати шаҳрвандон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба хонандагони оилаҳои ниёзманд, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд Холиқов Насруллоҷон, Холиқова Маликаихубон, Холиқов Меъроҷ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва Соҳибова Сафия хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 кӯмаки моддӣ ва лавозимотҳои хониш расонид.

Хонандагони мазкур ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамоянд.