Бахшида ба Рӯзи модар дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, сардухтури беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, аъзоҳои фаъол ва табибону ҳамшираҳои шафқат иштирок доштанд.

Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар занону бонувонро бо фарорасии бузургдошти Рӯзи модар табрик намуда, афзуд, ки занону модарони хирадманду оқил, муборизу озодихоҳи тоҷик дар паҳлӯи мардон барои озодиву осоиш ва соҳибистиқлоли сарзамини аҷдодиамон талошу мубориза мебаранд. Саҳми занон дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар ва хосатан дар соҳаи тандурустӣ бениҳоят назаррас аст. Махсусан, саҳми табибону ҳамшираҳои шафқат дар давраи пандемия хеле бузург буда, дар давраи бисёр ҳассос рисолати худро дар назди халқ ба сомон расониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд фаъолзанон Сипосномаву тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳр тақдим карда шуд.