Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

  Бисту панҷ сол қабл аз ин, яъне 5 майи соли 1992  дар сарзамини кишвари азизамон якумин хуни бародаркушӣ рехт - ин саршавии ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки панҷ соли тӯлонӣ кашол ёфт. То ба ин рӯз мутахассисон таърихи ин рӯзҳои даҳшатнакро омӯхта боз як бори дигар воқиф гаштанд, ки решаи ҳамаи ин низоъҳову хунрезиҳо мақсадҳои нопокӣ ҳизби ифротгарост, ки зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳаёти одамони бегуноҳро аз байн бурд.               Бадбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо низ аз солхои 90-уми асри гузашта сар карда созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад.  Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оѓушта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи соли 92  аъзои ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст доранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагароӣ ҷалб созанд. Чӣ хеле ки худи нафароне аз гумонбаршудагон гувоҳӣ медиҳанд, онҳо аъзоёни ҲНИ буда, таълимоти диверсионии худро дар Ҷумҳурии исломиии Эрон гирифта аз тарафи хоҷагони хориҷии худ маблағгузорӣ карда шудаанд. Мақсади асосии онҳо ин ба вуҷуд овардани низоъ ва нобоварӣ, номӯътадил гардонидани муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон, аз байн бурдани равшанфикрон, сиёсатмадорон, олимон, ходимони фарҳанг буд, ки то миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кас муаррифӣ карда натавонад, он ношинос монад ва худ ҳукмрон гарданд. Хеле ғамгиновар аст, ки чунин арбобони намоёни шоистаи миллат ба монанди Муҳамммади Олимпур, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ,  Юсуф Исхоқӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ ва бисёр нафарони дигар ноҳақ аз тарафи таҳрибкорон кушта шуданд, ононе, ки мардуми тоҷикро дар байни ҷаҳон муаррифӣ менамуданд.

Воқеаҳои нангини моҳи сентябри 2016, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ  халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву  бунёдкорӣ берун созад.

  Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористон ва экстремистонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро  ҳифз ва таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд.

  Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Мехоҳем, ки дар кишвари азизамон ҳамеша сулҳ поянда бошад!

 

 Негматова М.-сармуаллима