Дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорӣ ва созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 19 октябри соли равон дар ҳамаи 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 232 ташкилотҳои ибтидоӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии умумивилоятӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ иштирок варзида, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, назди муассисаву корхонаҳоро рӯбучин намуда, ҳамчунин ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуданд.

Ҳамзамон дар шанбегии мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо новобаста аз мансубияти ҳизбӣ дар пайравӣ ба аъзои ҲХДТ ба шанбегӣ баромада, дар ободонии шаҳр ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳизбиёни шаҳр дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд чунин шанбегиҳоро доир намуда истодаанд.