Бахшида ба яке аз ҷашнҳои муҳими кишвар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Наим Маликисломӣ ва кормандони кумиҷроия аз ҳолу аҳволи иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, падару модарони онҳое, ки дар давраи хизмати ҳарбӣ ҳалок ва беному нишон гардидаанд, пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва  ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.

         Чунин, вохӯрӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ бо Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд Қориҷон Ахмедов доир карда шуд.

         Иштирокчии ҷанг аз ин ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён дошт ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он  дуои нек кард.