Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии интихобот ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  ҳудуди маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Хуҷанд аз қабили бозори марказии шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ, наздикии мағозаҳои «Авесто» ва «Анис» миёни мардум пурсишнома доир ба моҳияти интихобот, мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ, ба кадом ҳизбҳои сиёсӣ эътимод доштани аҳолӣ, чи беҳбудиро аз вакили интихобмекардаашон интизоранд, гузаронида шуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки на ҳар пурсидашудагон аз мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ огоҳии доштаанд, вале баргузории рӯзи интихоботро аксаран медонистаанд. Зимни назарпурсӣ аён гардид, ки бештари интихобкунандагон мехоҳанд бо воситаи номзадҳои пешниҳодкарда хостаҳои худро бароварда намоянд.  Яъне, дастрасии ба қитъаи замин,  мумфаршу чароғонкунии маҳалаҳо ва дигар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоиро мехоҳанд тариқи вакилон ҳал намоянд.

Тадбири мазкур барои баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, огоҳии онҳо аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва рисолати вакилон василаи хубе буд.