Дар фикру андешаҳои одамони нопок, ки мағзашон аз таъсири идеологияи бегона гиҷ гаштааст оромию субот, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба назар намерасад.Ҷои он, ки пешравиву муназзамии рушди кишварро гиромӣ доранд афроди нопок теғи хасмашро баҳри хомўш кардани чароғи илму маърифат дар симои донишмандони асили тоҷик Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Моёншо Назаршоев,Муҳиддин Олимпур ва садҳо равшанзамири дигар берун кашиданд.

Қисмате аз гумроҳгаштагон аз озодии дину виҷдон дар давлати демократӣ истифода бурда, кўшиш намуданд, ки роҳи мактаббачагонро ба сўи мактаб баста, онҳоро «ҳамнишин»-и худ дар масҷиду «шогирди хона» намоянд. Теъдоди зиёди ин шогирдонро бо баҳонаи  таҳсил ба таълимгоҳҳои шубҳаноки дигар мамолик раҳнамун сохтанд.  Қисмате ба созмону ташкилотҳои ифротию террористӣ пайваст. Баъзе аз ин бандагони таассуб ончунон худро озод дарёфтанд, ки шиорҳои солҳои 90-умашонро дар  хусуси «ҳарому ҳалол» аз нав зинда карданӣ  шуданд. Агар давлат пойдору қонунҳояш амал намекарданд, аҳли зиё аз нав сангсор мешуд. Дар чунин ҳолат, иқдоми қатъии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар да таълиму тарбияи фарзанд» манъ намудани фаъолияти ҷараёну ҳизбҳои ифротӣ, Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Салафия» баргардондани ҷавононе, ки ғайриқонуни дар таълимгоҳҳои хориҷии исломӣ таҳсил мекарданд, саривақтӣ ва нишонрас буданд. Танҳо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба ҷои шукргузорию хидмат ба нафъи давлату миллат, бозиҳои пасипардагии худро идома дод. Сарваронаш ба ҷои ватандўстию миллатпарастӣ ба ҷавонон таассубро талқин мекарданду лексияи «ҷиҳоду шаҳодат» мехонданд. Тавре аз ҳодисаҳои охир ва муқоисаи онҳо бо қазияҳои қаблӣ маълум гардид, ҳамаи ин бо  супориши баъзе қувваҳои  беруна будааст. Аён гашт, ки сафарҳои бешумори роҳбарони наҳзатӣ ба хориҷи кишвар ба кадом мақсадҳо будааст.Бо баҳонаи конфронсу симпозиумҳо ба кишварҳои гуногун сафар мекарданд. Онҳо пайваста аз  Шарқу Ғарб дастгирии иқтисодӣ меёфтанду тиҷорати худро равнақ медоданд. Ба василаи тақаллубу пулшўӣ корхонаву иншооти таъйиноти гуногун, беморхонаву бозор мехариданд.Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардидааст, ки се манзили истиқоматӣ, шумораи зиёди техникаи хоҷагидорӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 27 ҳуҷра, 2 адад хонаи истиқоматии иборат аз 20 ҳуҷра, 2 адад сохтмони нотамом, корхона ва сехҳои дигари истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба масоҳати зиёда аз 26 гектар, шумораи зиёди чорвои калони шохдор ва ғайра бо арзиши умумии зиёда аз 120 миллион сомонӣ номгўйи боигариест, ки тибқи изҳороти расмии Прокуратураи генералӣ ба Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дорад. Ин номгўйи моликиятест, ки аз ҳисоби маблағҳои ба номи ҳизб воридшуда, чун моли шахсии Кабирӣ дониста шудааст. Ин ҷо метавон ҳадс зад, ки маблағи умумии ба номи ҳизб воридшуда садҳо миллион асъори хориҷиро ташкил медиҳанд. Ана дар куҷост решаи маблағҳое, ки ҷавонони тоҷикро ҷиҳати таҳсил ба таълимгоҳҳои машкуки кишварҳои минтақа мефиристоданд ва қисме аз онҳо имрўз дар сафи гурўҳу созмонҳои террористӣ дар Сурияю Ироқ, нуқтаҳои доғи Покистону Афғонистон қарор доранд. Ана дар куҷост решаи маблағҳое, ки барои ноором сохтани вазъият дар дохили ҷумҳурӣ сарф гардиданд.

  Дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карданд. Соли 2010 раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов дар ҳайати дастаи террористии бародараш Аловуддин Давлатов ба тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва узви иттиҳоди террористии Ҷамъияти «Ансорулоҳ» Абдулло Раҳимов бо лақаби «Мулло Абдулло» 25 нафар хизматчии Вазорати мудофиаро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Моҳи июли соли 2012 роҳбарони бахши вилоятӣ ва шаҳрии ҲНИТ Сабзалӣ Мамадризоев  ва Шерик Карамхудоев дар бетартибҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуда, алайҳи мақомоти давлатӣ муқобилияти яроқнок нишон доданд. Аъзои ҲНИТ дар шаҳри Исфара бародарон Мукаррамхуҷа ва Мусаямхуҷа Шариповҳо, А.Турсунов дар куштори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» мусоидати бевосита намуданд. 11 августи соли ҷорӣ 5 аъзои ҲНИТ – Д. Саидов, Д. Фозилов, Қ. Пиров, Т. Ҳоҷамуродов ва Ҷ. Абдуллоев дар шаҳри Норак парчами ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд. Чунин мисолҳоро метавон беохир давом дод. Вале ҳамаи ин хиёнатҳое буданд, ки дар онҳо теъдоди камтари аъзои ҳизб иштирок мекарданд.

Наҳзатиҳо 14-16 сентябри соли 2015 боз ба халқу Ватан хиёнат карданд. Он нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар ин қазия дигар чойи шубҳа намонд. Дақиқ шуд, ки Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба «ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурўҳи террористии ў бевосита аз ҷониби раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ идора ва роҳнамоӣ мешудаанд.   Бисёриҳоро то ҳол ин савол ором намегузорад, кӣ: «Чаро Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим ба он молу сарвате, ки доштанд қаноат накарданду ба чунин иқдоми ҷинояткорона даст заданд?». Посухаш оддист. Онҳо бояд барои маблағҳои гирифтаашон дар назди хоҷагонашон ҳисобот медоданд. Ба ин хиёнат даст задани наҳзатиҳо, пеш аз ҳама, бохти онҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ буд. Муроҷиатномаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа дар хусуси қатъи фаъолияти ҲНИТ барояшон болои сўхта намакоб гашт ва онҳо хостанд мисли солҳои 90-ум, бо баҳои ҷони ҳазорҳо ҳамватан ҳизби худро нигоҳ доранду манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро дар Тоҷикистон пиёда созанд. Тирашон хок хўрд. Хиёнати навбатии онҳо боз ба шикаст мувоҷеҳ гашт. Қисме аз сарварони ҳизб паси панҷара рафтанду аз иштибоҳу пушаймонии худ мегўянд, вале аллакай дер шуд. Роҳбарашон берун аз Ватан луқмаи хоҷа хўрдан дораду тарҳҳои дигар кашидан.

Таърихи 8 –июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шўроҳои  амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ  таҳти раёсати ҷониби Арманистон  баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рўйхати ташкилотҳоеро, ки  узви СААД ҳамчун  террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.Дар рўйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмиллалӣ ба монанди «Ал Коида»,»ДИИШ»,»Ихвон-ул-муслимин»,»Ансоруллоҳ»,»Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» низ таҳти рақами 85 ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки  сохторҳои СААД  чораҳои муштаракро барои пешгирии фаъолияти  ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳудуди қаламравӣ давлатҳои аъзоиин созмони бонуфузи  минтақавӣ(Арманистон, Беларус,Қазоқистон, Қирғизистон,Русия ва Тоҷикистон ), ки ҳудуди умумии 20,3 млн. километри мураббаъро бо аҳолии беш аз 260 миллион нафар дар бар мегирад, ҳамоҳанг месозад. Кишварҳои узви ин ташкилот барои таъмини амният ва оромии минтақа манфиантдор мебошанд.

Ҳамчунин,мардуми кишвар бояд мутмаин бошанд, ки  новобаста аз вазъи ҳассоси минтақа ва  ҷаҳон дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурўҳҳои ғаразҷў имкон намедиҳем, ки фазои сулҳу субот ва созандаи кишвари азизамонро халалдор созанд

 Дотсент Алимов Б.