Дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ташкилоти ибтидоии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо номи "Ватандӯст" таъсис ёфт. Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок намуда, доир ба тартиби таъсиси ташкилоти ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ кард. Раиси ташкилоти ибтидоӣ муовини аввали роҳбари корхона Суҳроб Зикриёзода интихоб гардид.  Дар маҷлис дар ҳузури кормандон  таклиф ба миён оварда шуд, ки сафи ҳизбиён бояд дар корхона зиёд гардад ва ташкилот яке аз ташкилотҳои беҳтарин гардад.