Имрӯз маҷлиси Шӯрои занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзохӯҷаева, аъзоёни Шӯро, фаъолзанони ҳизб, раисони комиссияи занони ташкилотҳои ибтидоӣ ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Ҷаласаи мазкур аз рӯйи масъалаҳои ҳисоботи шуъбаи  занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои занон ва тасдиқи нақшаи кории шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова оид ба ҷамъбасти фаъолияти шуъба дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Мавсуф зимни баромади хеш қайд кард, ки масъалаи ҷалби аъзои босифат дар фаъолияти шуъба яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт корҳои тарғиботӣ дар байнӣ аҳолии шаҳри Хуҷанд ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷоннок гардидааст. Дар натиҷаи фаъолияти босамар дар ин самт давоми соли ҳисоботӣ 803 нафар занон ба сафи ҳизб ҷалб гардиданд, ки имрӯз шумораи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби занон дар шаҳри Хуҷанд 12 ҳазору 863 нафарро ташкил медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки аз ҳисоби занони ҳизбӣ 1 нафар вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят, 13 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мебошанд. Ҳамчунин, аз 251 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳбарии 134 ташкилотҳои ибтидоиро занон бар ӯҳда доранд. Шуъбаи занони Кумиҷроия мувофиқи нақшаи кории соли 2022 як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ намуд.

Ҳамчунин Гулчеҳра Аҳророва муовини директори ДИС ДДТТ аъзои фаъоли гуруҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ва Раъно Қаландарова ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ” ба музокира баромада, оиди фаъолияти ташкилоти худ ҳисобот дода, фаъолияти шуъбаи занонро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон ходими давалатию ҷамъиятӣ, собиқадори ҳизб Шуҷоат Ҳасанова ва вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова оид ба пешрафт ва камбудиҳои ҷойдоштаи шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд баромад карда, барои фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҷараёни маҷлис ба якчанд нафар занони нав ба сафи ҳизб дохилшуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Бо ҳамин ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.