Мутобиқ ба нақшаи кории шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “ Соли рушди деҳот, ҳанарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ” силсилаи мулоқотҳои бонувони фаъоли ҳизбӣ бо сокинони касбу кори гуногун доир гардида истодааст. Чуноничи мудири шуъбаи кор бо занон кумиҷроия  Заррина Манонова бо гуруҳе аз фаъолони кумитаи маҳаллаи Содирхон Ҳофиз мулоқоти озоду судманд анҷом дод.

Мавсуф зимни вохӯрӣ афзуд, ки бо мақсади ин иқдом муаррифии шоистаи кишвар, бунёди инфрасохторҳо дар деҳот ва густариши соҳаи сайёҳӣ буда, имрӯз ин ташаббус миёни омма дастгирии кул ёфта истодааст. Ҷанбаи хушоянди ин ташаббус он аст, ки ҳунармандон  тавонистанд маҳсули дастранҷи худро бемомониат ба бозор бароранду бо истифода аз марказҳои омӯзишии ҳунарӣ садҳо бонувон соҳиби касбу ҳунар гардида,  рӯзии худро тавассути меҳнати ҳалол ёфта истодаанд.

Дар баробари ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон раванди гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ коҳиш ёфта, имрӯз сатҳи зиндагии сокинон боло рафта истодааст.

Мавсуф дар идомаи сӯҳбати хеш барои боз ҳам баланд бардоштани дониши сиёсӣ аз кадбонуҳо даъват ба амал овард, ки мавқеи бетарафиро касб накунад. Дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкиливу муаммоҳо аҳли маҳал кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Мулоқот ғайрианъанавӣ дар кӯча бо ширкати занҳои фаъол доир шуд, ки он самараи хуб ба бор хоҳад овард.