Дар асоси нақша- чорабинии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшда ба 71-умин солгарди иди «Ғалаба» дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар назди мавзеи хотираҳои Ҷанги Бузурги Ватании шаҳр, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳрро аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрик намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии Кумиҷроия, лентаҳо ва рӯзномаи «Шафақ»-ро тақдим намуданд.