Қабули бомуваффақияти қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор 2018-2028» дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Прзедиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон гардид.

         Бахшида ба ин рӯйдоди фараҳбахш бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  конфренсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки сарварони мактабҳои олии вилоят,  олимону муҳаққиқон, устодону коршиносони соҳа ва  донишҷӯён баргузор шуд.

         Дар конфренсия  Раиси шаҳри Хуҷанд  Шарифзода Шариф Файз бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад кард. Мавсуф зикр намуд, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон моҳияти хеле бузург дорад. Зеро захираҳои обӣ,  идоракунии захираҳои обӣ, тақсимоти захираҳои обӣ ва таъмини сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ проблемаи глобалии имрўзаи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Раиси шаҳр дар идомаи маърӯзааш зикр кард, ки ”ин  ташаббуси Пешвои миллати мо аз дурбиниву  ҷаҳоншиносии  он кас дарак медиҳад ва дар таъмини зиндагии ободу пешрафтаи ояндаи на танҳо Тоҷикистон балки тамоми дунё таъсири нек мегузорад. Воқеан  об, ки сарвати бебаҳои  табиат буда, яке аз манбаъҳои зиндагӣ дар рўи замин маҳсуб мешавад дар мавриди дастрасӣ бар он, захира ва истифодаи самараноки он, аҳамияти он ба зиндагии инсоният ва нақши он дар пешрафти ҷомеа ва монанди инҳо Пешвои миллати моро бетараф нагузошт ва аз оғози фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус гузоштанд. Моҳияти масъала дар он аст, ки ин ибтикори Пешвои миллат ба  муаммои глобалии сайёра тааллуқ дошта , давоми солҳои “2005-2015” эълон шудани даҳсолаи байналхалқии об натиҷаҳои назаррасро ба бор овард.” Дар партави ин ибтикорот Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз оид ба муҳимтарин вазифаҳо, ки ҳалли он зарур аст аз ҷумла,  сарфакорона истифода кардани об аст, дастрасии оби тоза ба мавзеъҳое, ки дар заминаи плани генералии шаҳр оянда ба ҷойҳои зисти мардум ва ободонӣ табдил меёбад, ба таври пурра таъмин намудани аҳли шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғайра ибрози назар кард.

Дар конфренсия ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, дар мавзӯи “Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон доир ба оқилона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои рушди устувор”, Садриддин Абдураҳимов,  профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯиИстифодаи интегратсионии оби ширин”,  устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Толмас Сайфуллоев дар мавзӯи “Истеҳсоли босуботи озуқаворӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ”, мутахассиси пешбари Раёсати ҳифзи муҳити зист Бахтиёр Ёқубов дар мавзӯи “Масъалаи ҳалталаби экология дар вилояти Суғд, намояндаи “Хуҷандобуканал” Р. Бурҳонов дар мавзӯи  “Таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд”  баромад карда, баробари ибрози андешаҳо дар ҳаллу фасли мавзӯот оид ба   муҳимият ва арзиши баланди эълон шудани «Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор 2018-2028»- ибрози назар намуданд.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни баромади хеш таъкид дошт, ки азбаски Донишкадаи политехникӣ мутахассисони соҳаи энергетика ва агротехнологияро ба хоҷагии халқ омода мекунад,  муҳимияти ин қатъномаро устодон ва шогирдони донишкада ба хубӣ эҳсос кардаанд.

Дар донишкада бо ҷалби мутахассисон ва устодон як конференсияи илмӣ доир ба ин мавзӯъ доир гардида, устодон дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ вазифаи муҳим», «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» ва «Об барои рушди устувор» маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷамъбаст таъкид дошт, ки бояд фарҳанги истифодабарии обро ба мардум фаҳмонем ва барои тозаву озода нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳои табиат якдилона саъй варзем.

Бо ҳамин кори конференсия ба охир расид.