Ҷавонон умеди орзу, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамаи мо дар замони хеле мураккабу печида бо терроризму, экстремизм, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди давлатҳои абарқудрати чаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеологияи глобалӣ зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем. Дар чунин вазъият ба моҳияти воқеият саривақт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ мехоҳад ва мутаасифона, на ҳамаи ҷавонон чунин хусусиятро доро ҳастанд. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризму экстремизм як зумра санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқиро қабул намуд. Аз ҷумла 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардидааст.

Муттаасифона рӯз аз рӯз доираҳои ташкилоту созмонҳои экстремистӣ рӯ ба афзоиш аст. Сабаб дар чист? Бояд ҳар як шахси солимфикр худ қазоват кунад. Аслан экстремизм – (аз калимаи лотинӣ «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, МўњтарамЭмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи дар ҳар Паёмҳо ва баромадҳои худ, доир ба пурзӯр намудани роҳҳоимубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонродар мадди аввал гузошта, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амниятидавлату миллатро барои ҳар яки мо масъалаи аввалиндараҷава ҳаётан муҳим арзёбӣ карданд.

Сарвари давлаттерроризм ва экстремизмро вабои аср номида, зикр кард, ки террорист Ватан , миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин вабои асрба амнияти ҷаҳонва ҳар яксокини сайёра таьдид карда, барои башариятхатари на камтар азсилоҳи ядроиро ба миён овардааст. Зуҳуротидаҳшатноку нафратоваритерроризм , ки аксарантаҳти шиораҳои динивумазҳабӣ сурат мегирад,ба дини мубини исломиртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмононисайёра зарар мерасонад.

Аз мардуми Тоҷикистон, хосаҷавонон даъват карда мешавад, ки дар муқобилиин хатарҳомуттаҳид бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсироаз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундравдода нашаванд ва баҳри боз ҳамободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

 

Аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Бобоҷон Ғафуров”-и шаҳри Хуҷанд