Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва шабонарӯзии бонувони покизакор, ки ҳамарӯза барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аз субҳи барвақт корро оғоз менамоянд, бахшида ба таҷлили Рӯзи модар онҳоро аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд табрик намуда, барояшон номаи муборакбодии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд ва шаҳри Хуҷандро тақдим карданд. Ҳамчунин, ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуд.