Маҷлиси ҳисоботи-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офият” бо иштироки Салимов Фирдавс Носирович– роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исоев Эҳсон Махмудҷонович – мудири шуъбаи ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Бӯрибоев Рустам - раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид.

       Дар аввал Бӯрибоев Рустам меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд.

       Сипас тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид. Зимни ироаи ҳисобот қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офият” ҷиҳати ободии мамлакат шаҳри Хуҷанд пайваста ҳашарҳои дастаҷамъии  аз ҷониби аъзоёни ҳизб баргузор намуда, барои боз ҳам дилкаш намудани як гӯшаи шаҳр кӯшиши ҳамешагӣ намудаанд.

       Сипас дар  асоси масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилот Рустам Бӯрибоев дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офият” интихоб шуд.

       Дар идома Фирдавс Салимов суханронӣ намуда изҳор намуд, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи ҷашни бузургӣ таърихи 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Бо ин рӯзи фараҳу сарнавиштсоз ҳозиринро таҳният намуда барори амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно намуд.

     Ҳамзамон Эҳсон Исоев зимни суханронии хеш иброз намуд, ки сулҳу ваҳдат пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ мустаҳкам будани  пояҳои давлатдорӣ аз ҳифз ва нигоҳдоштӣ дӯстиву рафоқат ва хираду заковати   Шумо аъзоёни ҳизб бармеояд.