Санаи 12 феврал соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Дилоро”  вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон доир гардид, ки ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева Муҳаббат ва ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” Атаева Ҳамроҳхон ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки  дар марҳилаи ҳозираи таърихӣ арзишиҳои миллӣ аҳмияти махсус пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию  ватанпарастӣ, худшиносӣ , меҳнатдӯстӣ омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, истифодаи самараноки иқтидорӣ зеҳнӣ ва маънавии онҳо ба манфиати ҷомеа буда, масълаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Дар ҷамбасти вохӯрӣ ба 19 нафар занҳои фаъол шаҳодатномҳои ҳизбӣ супорида шуд.