Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо роҳбарият ва аъзоёни кумиҷроия ҷиҳати табрики кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба иди касбишон дар маҷлисҳои муассисаҳои тибби шаҳр иштирок намуда, табрикоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расонида истодаанд.

Имрӯз 14 - уми август Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар маҷлиси тантанавии Маркази саломати шаҳрии №1 ширкат варзида, табибону кормандони ин марказро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва фаъолони ҳизбро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.

Дар охир ба 12 нафар кормандони Марказ, ки барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ХХДТ супорида шуд.