Дар иртибот ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 208-2028», ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ- назариявӣ доир гардид.  Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими донишкада чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иқдоми навбатии Сарвари давлатро оид ба ҳифзу нигаҳдошти бебаҳотарин неъмати табиат дар миқёси олам бесобиқа унвон кард. Маҳз бепарво набудан ба хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ Пешвои миллатро водор сохт, то бо пешниҳодҳои башардӯстонаи худ амсоли эълон шудани соли 2003 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва ниҳоят қатъномаи мазкур ҷаҳониёнро дар атрофи ин мавзӯи муҳим сарҷамъ намуд.

Дар баромади Зафар Қаюмзода, прокурори калони Прокуратураи вилояти Суғд таъкид шуд, ки ҳанӯз 22 марти соли 1993 Рӯзи умумиҷаҳонии об аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҷашн гирифта шуда буд. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз баланд бардоштани маърифати мардум оид ба муҳимияти манбаҳои об, зарурияти истифодаи сарфакоронаи он, инчунин равона сохтани таваҷҷӯҳи ҳукуматдорон, рохбарони ташкилоту корхонаҳо, омма барои андешидани чораҳои фаъолона ҷиҳати ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад. Анвар Ҳоҷиев, номзади илмҳои техникӣ дар мавзӯи «Об сарчашмаи рушди усувори энергетики Точикистон», Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ вазифаи муҳим», Абдуллоҷон Насруллоев, номзади илмҳои техникаӣ дар мавзӯи  «Ташаббусҳои умумибашарии Тоҷикистон оид ба об» маърӯзаҳо намуда, қайд намуданд, ки қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Дар фарҷоми кори конференсия раиси созмони ҷавонони донишкада Ҷамшед Масаидов дар мавзӯи «Ҷавонон ва ормонҳои миллат» вобаста ба эълон шудани Соли 2017- соли ҷавонон маърӯза намуд.

Бо ҳамин конференсия анҷом ёфт.