Ҳамчун анъана, санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад.

Бо ҳамин мақсад имрӯз 7-уми август дар мактаби варзишии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, кулли кормандон ва варзишгаронро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику муборакбод намуда, 8 нафар фаъолони ҳизбро бо ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроия сарфароз гардонид.