Ҷиҳати тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ баҳри бартараф намудани камбудиву норасогиҳо дар ташкилотҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони кумиҷроия корҳои амалӣ бо масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ амалӣ гардида истодаанд.

Санаи 3 феврали соли 2023 кормандони масъули кумиҷроияи шаҳрӣ фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии «Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона», “Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ” ва “Дармонбахш”-ро зери санҷиш қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои  фаҳмондадиҳӣ ва дастуру супоришҳоро ба масъилин пешниҳод намуданд.