Рӯзномаи  ҷаласаи навбатии раёсати кумиҷроия, ки дар он аъзоёни раёсати кумиҷроия ширкат доштанд, иборат аз се масъала – Ҳисоботи раиси кумичроия оид ба фаъолияти семоҳаи кори кумиҷроия, дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб вобаста ба мардум фаҳмонидани қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад ва қабул ба аъзогии ҲХДТ мебошад.

Раиси кумиҷроия аз рӯи масъалаи якуми кори рӯзнома дар баромадаш зикр сохт, ки алҳол теъдоди ҳизбиён дар шаҳри Хуҷанд ба 15 ҳазору 303 нафар расида, теъдоди аъзои нав дар семоҳаи аввал чандон мувофиқи матлаб нест. Таъкид шуд, ки минбаъд нусхаи Оиннома ва Барномаи ҳизб бо теъдоди зиёд ба ташкилотҳои ибтидоӣ тақсим карда шавад. Дар идомаи ҷаласа мавсуф аз нақши аъзоён дар инъикоси нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар сухан ронда, қайд кард, ки минбаъд низ кумиҷроия дар ин самт робитаро бо аҳли зиё густариш мебахшад.

Маликисломӣ Наим Мунаввар аз баргузории семинарии омӯзишӣ дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ба номи «Бобоҷон Ғафуров» изҳори қаноатмандӣ намуда, идома додани чунин семинарҳоро бар манфиати кор донист.  Баргузории конференсияи илмӣ- амалии «Об барои рушди устувор», мусобиқаи варзишии футбол байни наврасону бонувон, ширкати фаъолона дар чорабиниҳои ҷашни Артиши миллӣ ва Наврӯзи оламафрӯз обрӯ ва эътибори ҳизбро дар ҷомеа боло бардошт.

Мавсуф барои беҳтар намудани ҳайати сифатии аъзоён, пардохти аъзоҳаққӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, санҷиши ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҳозирин дастуру ҳидоятҳои қатъӣ дод. Ҳамзамон бо мақсади омодагии ҳаматарафа ба конференсияи ҳисоботию интихоботии навбатии кумитаи тадорукот ташкил карда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Маликисломӣ Наим Мунаввар қайд кард, ки дар ҷараёни музокироти сатҳи олии роҳбарони ду кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  дурнамои муносибатҳои неку дӯстонаи ду давлат баррасӣ гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба самти муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур  пешниҳод карданд, ки ҳукми хориҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави  Федератсияи Россия ва ба қаламрави Федератсияи Россия, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд.

Ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Владимир Путин баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул гардид, ки дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода шудааст. Бинобар ин мо, ҳизбиён бо баргузории вохӯриҳо бояд моҳияти ин масъаларо ба мардум фаҳмонем.

Масъулин вазифадор шуданд, ки ҳар чи бештару тезтар ин дастурро дар амал татбиқ намоянд.

Дар охир аз ҷониби аъзоёни Раёсат қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҲХДТ тасдиқи худро ёфт.

Бо ҳамин ҷаласаи мазкур ба кори худ хотима бахшид.