Вожаи Сулҳ-ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад. Шарҳи воқеии ин ду санаи таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл бозгў кардаанд: «Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрўз корҳои бузургеро ба анҷом расонем… Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Сулҳу субот ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард буда, ҳифз ва пойдории он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз рўзе, ки байни мухолифин ва ҳукумат шартномаи оштӣ, тинҷиву осоиштагӣ ва ягонагии миллӣ баста шуд, дар тамоми ҷабҳаҳои кишвар пешрафту шукуфоӣ ба чашм мерасид. Созишномаи миллӣ аҳамияти сиёсӣ ва маънавӣ дорад, ва бояд одамон аз ҳодисаҳои таърихӣ сабақ омўзанд. Маҳз баъди баимзорасии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар диёри ҷангзадаи мардуми тоҷик боз шодиву сурур, хурсандиву хушнудӣ ва тиносоиш танинандоз гардид. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии кишвар аст, зеро ҳар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ хукмфармост, то давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёт пеш меравад ва қавитар мегардад. Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ, мамлакат обод гардид. Танҳо сиёсати сулҳпарварона ва ободкоронаи Пешвои миллат буд, ки душворию монеаҳо паси сар шуд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў ба рў шуд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба ин рўзи пурсаодат расидем. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷахонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан, эҳтирому эътироф менамоянд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Раҳмонова М. Ғ. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд