Имрӯз ба муносибати Рӯзи маъюбон, ки ҳамасола 8 июл дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар маъюбонро аёдат намуданд.
Зимни аёдат намояндагони кумиҷроия маъюбону пиронсолонро ба ифтихори ин рӯз табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду ҷашнҳо корҳои муҳимму назаррас анҷом дода мешавад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад.
Дар идома ба ёдатшудагон туҳфаҳои идона тақдим гардиданд.