Барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амнияти шахсии ҳар як шаҳрванд муқаддас аст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз авлавиятҳои миллӣ ва омили муҳими рушди устувори ҷомеа, шарти ҳаёти иҷтимоии сазовор ва шоистаи мардум ҳисобида мешавад. Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар ҷомеа рух медода бо сохторҳои мухталифи давлатӣ ҳамкории судманд дошта, мунтазам барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Боиси тазаккур аст, ки дарёи Сир дар байни шаҳри Хуҷанд равон гашта, он симои зоҳирии шаҳрро зебою шукуфон гардонидааст. Вале бо сабабҳои натавонистани шиноварӣ ва ё сабабҳои сӯиқасд ба ҷони худ дар ин дарё чандин нафарҳо ғарқ мешаванд ва бо ин амал ҷомеа ва аҳли оилаи худро нороҳат месозанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ба ин амал 15 нафар даст доштанд, ки аз инҳо 7 нафарашон наҷот дода шудаанд ва дар давоми соли равон бошад ду нафар, ки ҳардуяшон наҷот дода шуд. Бо ҳушёрию зиракӣ ва чолокии кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳри Хуҷанд як нафар ғарқшаванда, ки санаи 8-уми апрели соли 2016 бо сабаби сӯиқасд ба ҷони худ худро ба дарё партофт аз вартаи ҳалокшавӣ наҷот дода шуд ва ин шаҳодати онро дорад, ки имрӯз кормандони ҳолатҳои фавқулода ба кори худ содиқ ва аз ӯҳдаи он ба зуддӣ баромада метавонанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чунин амали ҷавонмардонаи кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳри Хуҷандро қадр карда, ду нафар наҷотдиҳандагон, сардори ситод Ғолиб Шарипов ва Азамҷон Қаландаровро бо тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия сарфароз гардонида шуд.