Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо Шумоем”, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди то сини 18 сола баргузор гардид, 6 нафар ғолибони даври вилоятӣ ширкат варзида, аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон Ҳасанов Шерзод аз шаҳри Хуҷанд дар наминатсияи маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ сазовори Дипломи дараҷаи як  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ гардид.

Ин дастоварди шоёни соҳибзаковатони шаҳр мояи ифтихор ва саодати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аст.

           Пирӯзӣ муборак!