Дар доираи баргузории Аксияи Аксияи вилоятии ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!” якчанд сарбозони қисми низомии 3501 Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки адо хизмат намуда истодаанд, бо Сипоснома ва волидайни онҳо бо Раҳматномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.

Зимни қадршиносии сарбозон намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Маҳмадсалим Ҳаитов баромад намуда, зикр дошт, ки хизмати содиқонаю софдилонаи ҳар як сарбози ватандӯсту меҳанпараст аз ҷониби давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадр карда мешавад.

Воқеан, сарбозон нафароне ҳастанд, ки барои садоқат ба халқи худ, Сарвари ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд ва бо ин савганди худ ҳамчун сарбози далеру шуҷои Ватан, ҳомии марзу буми аҷдодӣ, фарзанди бонангу ори миллату давлат, то абад савганди азхудкардаашонро дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳар як сарбоз маҳз аз лаҳзаи ёд кардани савганди ҳарбӣ худро ҳомии ҳаққонии Ватан эҳсос мекунад.
            Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд, зиёд шудааст.

Хушбахтона, ҳамасола бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту хизмати ҳарбиён чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои хизмати сарбозон дар ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст.